2 гостей на сайте
Ислам СУРГУТ
Зане аз аҳли дузах
| Мақолаҳо - Оила |
Зане аз аҳли дузах
Алҳамду лиллоҳи раббил оламин. Вассалоту вассалому ало Расулиллоҳ ва ало олиҳи ва саҳбиҳи ва ман табиаҳум би иҳсонин ило явмил қиёма.
Аммо баъд.
Мавзуи суҳбат ва баррасии мо атрофи зане аз аҳли дузах хоҳад буд, ки Худованд ҳамаи мо ва шуморо аз дузах ва азоби он паноҳ диҳад. Аҳамият ва зарурати мавзуъ аз он ҷиҳат аст, ки ба сабаби нодонӣ ё ба сабаби сифатҳои ношоистае, ки дар модарон, хоҳарон ва духтарон дида мешавад, худро гирифтори дузах ва азоби Худованд мекунанд. Ва умед аст, ки агар аз ин мавзуъ огоҳии дуруст пайдо кунанд ва дар қалби онҳо воқеан ҳам ин мавзуъ ҷой бигирад ва дарки аҳамият ва зарурити онро ҳис намоянд, барои наҷоти худ аз азоби Худованди мутаъол саъю талоши сазовореро анҷом медиҳанд, ва дар натиҷаи модарон, хоҳарон ва духтарони ҷаннатӣ хоҳанд шуд, ба изни Аллоҳ таъоло.
Таҷдиди охирон (06.11.24 00:47)
Хутба дар мавзуи "Марг"
Марг Бародарон ва хоҳарони мусалмон! “Рӯзе, ки мол ва фарзандон (ҳеч) нафъе намерасонанд, магар касе, ки бо қалби салим ба пешгоҳи Худо биёяд”. Шуъаро:88‑89. Ҳамчунин Худованди мутаъол мефармояд: “Ҳар нафс чашандаи марг аст, ва ҷуз ин нест, ки дар рӯзи қиёмат подошатон ба шумо комил (пурра) дода хоҳад шуд, пас ҳар кас ки аз оташи (ҷаҳаннам) дур шуд ва ба биҳишт дарованда шуд, бе шак растагор шудааст. Ва зиндагонии дунё ҷуз мояи фиреб нест”. Оли Имрон: 185. Ин аст ҳақиқати марг ва баъд аз марг. Марге, ки ба зудӣ ҳар кас аз мо онро хоҳад чашид. Ғанӣ ва тангдаст, солим ва бемор, хурдсол ва бузургсол, раис ва зердаст. Ҳеч касе аз марг наҷот нахоҳад ёфт, гарчи ба дуртарин нуқта ё олитарину баландтарин қулла ё амиқтарин (чуқуртарин) дарра фирор кунад. Худованди мутаъол мефармояд: “Ҳар ҷое, ки бошед марг ба суроғи шумо хоҳад омад, агарчӣ дар қасрҳои шомих (осмонбӯс) ва муҳкам бошед”. Нисо:78. Марг бо ин ки падидаи комилан мушаххас ва осораш намоён аст, яке аз печидатарин асроре дар ин ҳаёт барои башар ба шумор меравад, ки ақлҳои донишмандон ва пажӯҳишгаронро ба ҳайрат во дошта ва онҳоро гич кардааст. Ин мушаххас аст, ки марг ба рӯҳ бастагӣ ва алоқа дорад. Таҷдиди охирон (25.10.24 15:43) МОҲИ ХУДОВАНДӢ МУҲАРРАМ, ФАЗИЛАТИ ИН МОҲ. РӮЗА ДОШТАНИ РӮЗИ ОШУРО
МОҲИ ХУДОВАНДӢ МУҲАРРАМ, ФАЗИЛАТИ ИН МОҲ. РӮЗА ДОШТАНИ РӮЗИ ОШУРО
Моҳи худовандии Муҳаррам аввалин моҳе аз моҳҳои ҳиҷрӣ мебошад. Он яке аз моҳҳои ҳаром аст. Моҳҳои ҳаром чор моҳ мебошанд, се моҳи он пайдарпай меоянд, ки иборатанд аз: Зулқаъда, зулҳиҷҷа, муҳаррам, ва яке аз онҳо ҷудогона меояд, ки моҳи Раҷаб аст. Моҳи муҳаррам аз моҳҳои ҳароме аст, ки Аллоҳ таъоло онҳоро бузург донистааст ва дар китобаш зикр намудааст. “Шумори моҳҳо дар назди Аллоҳ, (аз) рӯзе, ки осмонҳо ва заминро офаридааст, дар Китоби Аллоҳ (Лавҳи маҳфуз) дувоздаҳ моҳ аст, ки (ҷанг ва даргирӣ дар) чор моҳаз он ҳаром аст. (Зулқаъда, зулҳиҷҷа, муҳаррам ва раҷаб). Ин аст оини устувор (ва роҳи ҳақ) пас дар ин (чор моҳ) бар худ ситам накунед....” Сураи Тавба:36. Таҷдиди охирон (09.07.24 20:45) СУХАНИ БУЗУРГОН
Хулосаҳои бузургони гузаштаи мо аз илму маърифати динӣ ва дунявияшон ин дурдонаҳоро ба бор овардааст, ки имрӯз барои мо пешкаш мешавад.
- Агар дар ҳақиқат зидагонии ту барои рисолате дар рӯи ин замин бошад, пас зиндагонии ту барои Аллоҳ таъоло ва дар нусрати дини ӯ мебошад ва зиндагони мекуни дар ҳоле, ки бузургтарин фикру андешаи ту ҳамеша охират аст. Ин чиз дар ҳама ҳолатҳои ту ва ҳама умури ту намоём мегардад. - Суханро ба амалҳо муқоиса мекарданд, ва метарсиданд суханеро бигуянд ки худашон ба он амал накардаанд ва ба ин сабаб аз дуруғгӯён ҳисоба шаванд. Таҷдиди охирон (04.07.24 19:44) |




Шумо ва хештанро ба тақво ва тарси аз Худо супориш мекунам. Зеро ки тақво сабаби наҷот ва беҳтарин тушаи инсон дар дунё ва охират аст.
Ба фарорасии моҳи муҳаррам соли нави ҳиҷрӣ қамарии 1446 шуруъ гардид.




