Билол! Ба воситаи он моро мавриди роҳат ёфтан қарор деҳ

Мақолаҳо - Тазкияи нафс

Ба номи Худованде, ки Раҳмону Раҳим аст.

Алҳамду лиллоҳи раббил ъоламин. Вассалоту вассалому алалмабъуси раҳматан лилъоламин ва ъало олиҳи ва саҳбиҳи аҷмаъин, Аммо баъд...

Донишманде мегуяд:

Мо ҳама ҳаракатҳои Расулуллоҳ (с)ро дар намоз аз суннати ӯ пайдо кардем ва ба онамал намуд. Ҳама азкор ва ақволе, ки дар намоз мегуфтанд, аз тариқи суннат онҳоро ҳам пайдо кардем ва ба он амал намудем.

Ин маънои онро дорад, ки ҳаракатҳои мо дар намоз ва ҳар қавлу зикри мо мувофиқи ҳаракат ва ақволу азкори Расулулоҳ (с) мебошад. Аммо як чизи асосӣ мемонад: Расулулоҳ (с) ба Билол (р) мегуфт: "Моро ба воситаи он роҳат бидеҳ".  Маълум мегардад, ки намоз маҳалли роҳат кардан ва оромиш пайдо кардан аст. Ин нуқтаро аз Паёмбар (с) наёмухтем. ин эҳсосот дар вуҷуди мо пайдо нагардидааст, ки аз намоз роҳат намоем. Садҳо масъала дар вақту раванди намоз ҳал карда мешавад. Ин масъалае аст, ки мавриди баҳсҳо гардидааст. Вале Расулуллоҳ (с) дар намоз роҳатро эҳсос мекарданд. Он роҳат бурдан ҳама аз илму маърифат ва тарбияи дурусут сарчашма мегирифт. Мо ҳам вақте мехоҳем аз намозамон истифода намоем, элон менамоем, то ҳама огоҳ бошад.   

Барои дарёфти матлаб ба шакли савтӣ (садо) инҷоро зер кунед.

 

Таҷдиди охирон (19.09.25 01:57)